Ки барад ба назд шоҳони зи ман гадои паёмӣ

Ки ба кӯй май фурӯашони ду ҳазор ҷам ба ҷомӣ

Шудаам харобу бадном ва ҳануз умедворам

Ки ба ҳиммат азизон барисам ба неки номӣ

Ту ки кимёФрўшии назарӣ ба қалб мо кун

Ки бизоъатӣ надорем ва фикандаем домӣ

Аҷаб аз вафои ҷонон ки аноятии нафармуд

На ба номае паёмӣ на ба хомае саломӣ

Агар ин шароб хомаст агар он ҳарифи пухта

Ба ҳазор бори беҳтари зи ҳазор пухтаи хомӣ

з раҳам Маяфкан эй шайх ба донаҳои тасбеҳ

Ки чу мурғ зирак уфтад нафитад ба ҳеҷ домӣ

Сари хизмат ту дорам бихарам ба лутф ва мафруш

Ки чу банда камтар уфтад ба муборакии ғуломӣ

Ба куҷо барам шикоят ба ки гӯям ин ҳикоят

Ки лабати ҳаёти мо буд ва надоштӣ давомӣ

Бигушоӣ тири мижгон ва бирез хӯни ҳофиз

Ки чунон кушандаеро накунад каси интиқомӣ