эй ки дар куштани мо ҳеҷ мудоро накунӣ

Суд ва сармоя бисӯзӣ ва муҳобо накунӣ

Дардмандони балои заҳр ҳалоҳил доранд

Қасди ин қавм хато бошад ҳон то накунӣ

Ранҷи моро ки тавон барад ба як гӯшаи чашм

Шарт инсоф набошад ки мудово накунӣ

Дидаи мо чу ба умед ту дарёст чаро

Ба тафарруҷи гузарӣ бар лаб дарё накунӣ

Нақл ҳар ҷавр ки аз халқ Каримат карданд

Қавли соҳиб ғаразонаст ту он ҳо накунӣ

Бар тугар ҷилва кунад шоҳиди мо эй зоҳид

Аз худои ҷуз майу маъшӯқ таманно накунӣ

ҲоФзои саҷда ба абрӯӣ чу миҳробаш бар

Ки дуоеи зи сари сидқи ҷузи он ҷо накунӣ