эй дил ба кӯии ишқ гузорӣ наме кунӣ

Асбоби ҷамъи дорӣ ва корӣ наме кунӣ

Чавгони ҳукм дар кафу гӯйӣ наме занӣ

Бози зафар ба даст ва шикорӣ наме кунӣ

Ин хӯн ки мавҷ мезанад андари ҷигари ту ро

Дар кори рангу буи нигорӣ наме кунӣ

Мишкӣн аз он нашуд дами хилқат ки чун сабо

Бар хоки кӯии дӯст гузорӣ наме кунӣ

Тарсам каз ин чаман набарӣ остини гул

Каз гулшанаши таҳаммул хорӣ наме кунӣ

Дар остини ҷони ту сад нофа мударраҷ аст

Ваонро фидои турра ёрӣ наме кунӣ

Соғари латифу дилкаш ва май афканӣ ба хок

Ва андеша аз балоӣ хуморӣ наме кунӣ

Ҳофиз бирав ки бандагии подшоҳи вақт

Гар ҷумла мекунанд ту борӣ наме кунӣ