Мардуми дидаи мо ҷуз ба рахт нозир нест
Дили саргаштаи мо ғайри туро зокир нест
Ашками эҳроми тавофи ҳурмат май бандад
Гарчи аз хӯни дили риши дамӣ тоҳир нест
Бастаи дому қафаси бод чу мурғи ваҳшӣ
Тоири сидра агар дар талабат тоир нест
Ошиқи муфлис агар қалб дилаш кард нисор
Макунаш айб ки бар нақди равон қодир нест
Оқибат даст бидон сарв баландаш бирасад
Ҳар киро дар талабати ҳиммат ӯ қосир нест
Аз равони бахше исо назанам дами ҳаргиз
Зон ки дар рӯҳ физойӣ чу лабат моҳир нест
Ман ки дар оташи савдои ту оҳӣ назанам
Кӣ тавон гуфт ки бар доғ , дилам собир нест
Рӯзи аввал ки сари зулф ту дидам гуфтам
Ки парешонеи ин силсиларо охир нест
Сари пайванди ту танҳо на дили ҳофизи рост
Кист он каши сари пайванди ту дар хотир нест