Туе ки бар сари хубони кишварӣ чун тоҷ

Сазад агар ҳама дилбарон диҳандат боҷ

Ду чашми шӯхи ту барҳам зада хатоу ҳабаш

Ба чини зулфи ту Мочӣн ва ҳинд дода хароҷ

Баёз рӯй ту равшан чу оризи рухи рӯз

Саводи зулфи сиёҳ ту ҳаст зулмати доҷ

Даҳони шаҳд ту дода ривоҷи оби Хизр

Лаб чу қанди ту барад аз наботи Мисри ривоҷ

Аз ин мараз ба ҳақиқат шифо нахоҳам ёфт

Ки аз ту дарди дил эй ҷон , намерасад ба алоҷ

Чаро ҳамеи шикании ҷони ман зи сангдилӣ ?

Дили заъиф ки бошад , ба нозукӣ чу зҷоҷ

Лаби ту Хизру даҳони ту об ҳайвон аст

Қади ту сарву миёни мӯӣ ва бар , ба ҳайати оҷ

Фитод дар дили ҳофизи ҳавоӣ чун ту шаҳӣ

Каминаи зарраи хок дар ту будӣ коҷ