Дили ман дар ҳавоӣ рӯй фаррух
Буд ошуфта ҳамчун мӯии фаррух
Биҷузи ҳиндӯии зулфаши ҳеҷ кас нест
Ки бархӯрдор шуд аз рӯй фаррух
Сиёҳӣ некбахтаст он ки доим
Буд ҳамроз ва ҳам зонуии фаррух
Шавад чун беди ларзони сарви озод
Агар бинад қади дилҷӯии фаррух
Бидиҳ соқии шароби арғавонӣ
Ба ёди наргиси ҷодӯии фаррух
Дўто шуд қоматам ҳамчун камоне
зи ғами пайваста чун абрӯии фаррух
Насими машки тоторӣ хаҷал кард
Шамеми зулфи ънбрбўии фаррух
Агар майли дил ҳар кас ба ҷойаст
Буд майли дили ман сӯии фаррух
Ғуломи ҳиммати онам ки бошад
Чу ҳофизи бандау ҳиндӯии фаррух