Пайвастаи зи дида дар канорам ашк аст

Дар пои ғами ёри нисорам ашк аст

Гар дид аёни рози ниҳонам аз ашк

Пайдост ки хасми ошкорам ашк аст