Гуфтӣ ки дилат бар тану ҷон мушфиқ нест

Дар даъвии ишқ низ ҳам содиқ нест

Дил нест маро вале зи ҷони безорам

Гар бар ту ба сад ҳазор дил ошиқ нест