То сӯсани озоди забон дар ту кашид

Хӯни ҷигарам чу лола бар чеҳра кашид

Пуштам чу бунафшаи лаб чу нилӯфар шуд

То дидаи наргиси гули рухсор ту дид