Аз қатраи об рахна гардад мармар

Чун мум шавад гавҳари санг аз озар

Сайлоби сиришку оташи синаи ман

Дар санг дилат намекунад ҳеҷ асар