Ҷонои зи нотавонӣ аз хештан ба ҷонам

Охир тараҳҳумӣ кун бар ҷони нотавонам

Ағёри рости нозат , ушшоқро итобат

Маҳрӯми ман ки аз ту на ин расад на онам

Мурғи асирам аммо дорам дарин асирӣ

Осоишӣ ки рафтааст аз хотири ошёнам

Нахлами зи пои фитодаи шодам ки кард фориғ

Аз фикри навбаҳору андешаи хазонам

Зинҳори баъди мурдани фарсӯда чун шавад тан

Пеши сегон кӯяш резанд устихонам