Ба ёри ваъдаи хилофамгар иттифоқ афтод

Нахусти гӯшзадаши ин паём хоҳам кард

Ки то кӣм ба фусуни гӯйии ончӣ май хоҳӣ

Ба субҳ агарчӣ накардам ба шом хоҳам кард

Худои гўост кигар ончӣ гуфта ам накунӣ

зи ҳарфи талхи туро талх ком хоҳам кард

зи ҳазли шарбати заҳрат ба ком хоҳам рехт

зи ҳаҷви ҷуръаи хӯнат ба ком хоҳам кард

Ҳамин на ҳаҷви ту беобрӯӣ хоҳам гуфт

Ки қасди ҷони ту бенанг ва ном хоҳам кард

Агар ба зӯдии зуд ончӣ гуфта ам кардӣ

зи ҳаҷви теғи забон дар ниёам хоҳам кард

Бар остони шабу рӯзат муқӣм хоҳам шуд

Ба хизматати гуҳу бега қиём хоҳам кард

Ҳамин на балки туро бо вуҷӯди ин ҳамаи нақс

зи мадҳи ғайрати моҳ тамом хоҳам кард

зи нияти худати огоҳи соз то ман ҳам

Азин ду кор бидонам кадом хоҳам кард