Ду рӯзӣ каз қазо боист бо ин корвон бошам

Маро кам қӣматӣ нагузошт бар табъӣ гарон бошам

Ба қайди сахти рӯйонам , мулоим тинатӣ дорам

Чу мағз аз чарбу нармӣ дар шиканҷ устихон бошам

Дар обу гули нишонд аз боғи ҷон , қудсии ниҳолам ро

Фалак май хост чун гули дасти Фрсўд хазон бошам

Сари таслиму хоки аҷзу одоби рзоҷўиӣ

Агар бояд ки давр аз кӯии он ором ҷон бошам

Дарин ғурбат ба афсунҳои меҳри ошнорўён

Агар бандами дилӣ , аз бевафоён ҷаҳон бошам

Наяндозам ба фарши сунбулу гул , тарҳи осоиш

Дарин бустони саро , ҳам машраби об равон бошам

намебошам зиёни хоҳ касе чун шамъ дар маҳфил

Агар бошам , зиёни хешу суд дигарон бошам

з ҳамроҳон надорам бори миннати як сари сӯзан

Дарин водӣ чаҳ афтодаи сет , аз хорӣ кашон бошам ?

Дилами ранҷади ҳазини азгФтгўии сӯрати ороён

Агар синҷиди лаби маънӣ , ҳадисӣ тарҷумон бошам