Теғи ситамат аз май пурзӯри гарон тар
Аз нашъа хӯн шуд , сари Мансури гарон тар
Бар хотири озурдаи ман бе ғамии имрӯз
Аз тарк шаробаст ба махмури гарон тар
Бар ҳиммати ман миннати як ҳубаи дунон
Аз кӯҳ буд бар камари мӯр , гарон тар
Сангинии тан беш шуд аз тӯли ҳаётам
Ин бор гарон шуд зи раҳи даври гарон тар