Зинҳор эй дили ?герат бо ишқи пайвандӣ буд

Ғайратат бояд ки бар пои ҳавои бандӣ буд

Ҳасани рӯзафзӯни талаб , ҷовид бо ваии ишқи боз

Ҳасани хубони маҷозии тозаи як чанде буд

Аҳли дилрогар буд майлӣ ба сӯратҳои хуб

Ишқ натавон гуфтани онро лек монандии буд

Манзил ҳасанаст чашму зулфу холи дилбарон

Ишқро бо манзили маъшӯқи пайвандӣ буд

Ҷони мо дар ҳасан фонӣ шуд куҷо ёбанд боз

Дар миёни чашмаи ҳайвон агар қандӣ буд

Дар миёни ишқу ҷон чун суҳбатӣ омад падед

Шарҳ натавон дод к-эйашонро чаҳ фарзандӣ буд

Ҷон ширинам набояд ҷуз барои меҳри дӯст

Барҳамам ӯро ба меҳри хеши савгандӣ буд