Оҳи ин манам ки бастаи ишқӣ чунин шудам

Дарбанди он каманд пураз тоб ва чин шудам

Он тавсанам ки боФлкм буд саркашӣ

То болагоми ишқи чунин зирзин шудам

Гуфтам зи ишқ дам назанам оҳ дам задам

Гуфтам ки сайд кас нашавам ҳон бибин шудам

Ёрӣ ки ҳаст поктар аз оби осмон

Аз ишқ ӯ бибин ки чу хок замин шудам

Бар ошиқони з рӯй фироқӣ ки доштам

Кардам ҳамеша манъу гирифтор азин шудам

Аз бскаҳ гуфтаам ки забонами бурӣдаи бод

Ишқ аз куҷо ва ман зи куҷо инчунин шудам