Воҳидаст ӯ ба зоти хешу аҳад
Ваҳдатии бартар аз шумору адад
Ҳар киро ваҳдаташ шавад машҳӯд
Аз адад фориғаст ва аз маъдӯд
Соҳати иззаташ буд зон пок
Ки кунад каси таваҳҳуми ашрок
Раҳ ба имкон наёфт ҳамтояш
Тангноӣ маҳол шуд ҷояш
Гар худо будӣ аз яке афзӯн
Кӣ бимонадӣ ҷаҳони бад-ӣни қонӯн
Дар файзи вуҷӯд баста шудӣ
Тору пуди бақо гусаста шудӣ
Ҳама олам шудӣ адам бо ҳам
Балки берун наомадӣ зи адам
Донад он каши з ақл бошад баҳр
Ки ду шаҳро чу ҷо шавад як шаҳр
Силки ҷамъият аз низом уфтад
Рахна дар кори хос ва ом уфтад