Давр аз рухи ту чунонам эй дӯст

Каз ҳастӣ худ ба ҷонам эй дӯст

Сабр аз ҳамаи некӯони тавонам

Лек аз ту наме тавонам эй дӯст

Хоҳам ки ба рӯзи васли пешат

Ғмномаҳ ҳиҷр хонам эй дӯст

Пеши ту ҳануз норасида

Аз кор фитад забонам эй дӯст

Гуфтӣ зи ғамами дили ту чун аст

Дили пеши ту ман чаҳ донам эй дӯст

Домани мФшони зи ман ки хоҳам

Ҷон дар қидмат фишонам эй дӯст

Ҷомии сари худ ниҳода бар дар

Яъне саги остонам эй дӯст