Биёи ҷонои дили пари дарди ман байн
Сиришки гарму оҳи сарди ман байн
Ғами маҳҷӯрӣу бори сабурӣ
Ҳама бар ҷони ғами пурвирди ман байн
Чу ҷони азгрди тан доман фишонд
Ба домонат нишаста гирди ман байн
Танамро сайл ашк оварад сӯят
Хасу хошок об оварад ман байн
Магӯ рангӣ надорад ҷомӣ аз ишқ
Сиришки сурх ва рӯй зарди ман байн