Ҳар сари мӯ бар дили мангар забонӣ доштӣ

Аз ғами ишқи ту фарёд ва фиғонӣ доштӣ

Бистар роҳат нахоҳам эй хуши он шабҳо ки ман

Бар дарат болини зи хок остонӣ доштӣ

Доштӣ маъзӯри носеҳ бе худӣҳои маро

Гар чу ман дил дар каф номеҳрбонӣ доштӣ

Сарвро бо қади раънои ту будӣ нисбатӣ

Гар зи гули рухсор ва аз ғунча даҳоне доштӣ

Гар ба нақд ҷон тавонистӣ харидани васли дӯст

Толиби васли ту будӣ ҳар ки ҷонӣ доштӣ

Ман ба бемории худ хуш будамигар зонка ту

Гӯшаи чашмӣ ба ҳол нотавонӣ доштӣ

Бо ду рӯзаи зиндагӣ ҷомӣ нашуд сайр аз ғамат

Ваа чаҳ хуш будӣ ки умр ҷовдонӣ доштӣ