Ғунча ҳамчун даҳони танг ту нест
Гул чу рухсори лолаи ранг ту нест
Синаамро ба ғамза риш макун
Кини ҳадафи лоиқи хаданг ту нест
Ҷанги ту сулҳ бо рақибон аст
Ҳеҷ ошиқи ҳарифи ҷанг ту нест
То ба санги ситами кушодии даст
Нест дастӣ ки зери санг ту нест
Чун кунӣ қасди қатли мунтазирон
Ҳеҷ таъҷил чун диранг ту нест
Бо сегон ту нонишастани мо
Ҷузи мурооти ному нанг ту нест
Ҷомӣ аз бори дил чу чанг шудӣ
Ин ғазал ҷуз навой чанг ту нест