зи дасти дарди маҷнӯни машрабонро дар биёбон ҳо

Ба доман мерасад монанди гули чоки гиребон ҳо

Мабодои хори хоҳиши домани дилро ба чанги орад

Дар ин гулшан ба ранги ғунча ҷамъ оред домон ҳо

Чаро ширин набошад гуфтугӯии шаккарини лаълӣ

Ки мерезанд дар базмаш ба соғари шираи ҷон ҳо