Огоҳ нест одамӣ аз гашти рӯзгор

Шодон ҳаме нишинаду ғофил ҳаме равад

Дил баста ҳавост гузинад раҳи ҳаво

Тани банда дил омад ва бо дил ҳаме равад

Гар ботилӣ ба бинад гуяд ки ҳаст ҳақ

Ҳақӣ ки рафт гуяд ботил ҳаме равад

Монад бар он ки бошад бар киштеи равон

Пиндорад ӯст сокину соҳил ҳаме равад