Зуҳали волӣ шанбеаст эй нигор
Марои ин чунин рӯз бе май мадор
Зуҳал тира раъйасту торики ҷурм
Ту хез ва май лаъл равшан биор
Ки имрӯзи гетии ҳама равшан аст
зи иқболу адли шаҳи комгор
Малики Арсалони подшоҳӣ ки ӯ
Замона фурӯзасту гетӣ нигор
Баҳору хазони боди рӯзу шабаш
Шабаш ба рӯзи бод ва хазонаш баҳор