Даройад ҳар куҷо дар ҷилваи нози офтоби ман
Маро расво кунад тағйири ҳолу изтироби ман
Ман расво азон дар хӯн фитодам бар сари роҳаш
Ки баргардад , чу бинад булҳаваси ҳоли хароби ман
Набинам пеши кас бо ин ҳуҷуми шавқ , сӯй ӯ
Ки май тарсам хаҷал гирданд ӯро изтироби ман
зи бас дар ишқи хорам , ошноиро ки май байнам
Агар сад ҳарф май пурсам , намегуяд ҷавоби ман
Ҳавоӣ хоб кардам то зи ҳиҷронвораам майлӣ
Нарафта чашми ман дар хоб , ҳиҷр омад ба хоби ман