Онкӣ аз пурсиш ёраст ҳиҷоби олӯда

Гуяд аз қаҳри суханҳои итоби олӯда

намеравад тунд ва хабар медиҳад аз ваъдаи ғайр

Ҳар тараф дидану рафтори шитоби олӯда

Баҳри хотири хушии душману хурсандии ман

Дар суолам кунад эърози ҷавоби олӯда

Дӯш дар базм ки бедор нишастӣ , ки кунун

Нимрўзаст ва буд чашми ту хоби олӯда

Дид сӯем ба ғазаби ёру зи баси навмедам

Дод хурсандӣам он лутфи итоби олӯда

То ба кӣ байнам ва нодида кунам чун майлӣ

Коиӣ аз суҳбати ағёр , шароби олӯда