Шаҳиди ишқ ту бинад чу дӯди оҳи маро

Дар офтоб қиёмат шавад паноҳи маро

Азу агар накунам шиква , мунфаили гирдам

Ки боз меравад озурда бе гуноҳи маро

Маро магӯ ки науфтодае ҳануз аз по

Ки изтироби талаб май барад ба роҳи маро

Ба рӯзи ҳашари змн шармсор хоҳад буд

Дарин ғамам ки чаро кушта бе гуноҳи маро

Ҳазор бор чу майлии гарми биринҷоне

Басаст ним нигоҳи ту узрхоҳи маро