Ҳамшира ! харҷи мотами бобо аз он ту
Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз он ту
Дар хФиаҳи истимоъи васият аз он ман
Дар навҳаи ҳамзабонии момо аз он ту
Куҳнаи қалам , дуот шикаста аз он ман
Тӯмори назму дафтари иншо аз он ту
Он лошаи уштурони қаторӣ аз он ман
Он боркаши харони тавоно аз он ту
Як ҳафтаи харҷи мутрибу соқӣ аз он ман
ҲФтодсолаҳи тоъати бобо аз он ту
Он молҳо ки монда ба дунё аз он ман
Ваон хайрҳо ки карда ба уқбо аз он ту