Муҳташам то кӣ кашам аз носизогӯёни азоб
Охир аз бе тоқатии теғ ҷазо хоҳам кашид
Гар ҳисом ҳаҷв хоҳам дошт зини пас дар ғилоф
Бархилофи мослФ озорҳо хоҳам кашид
намезанад чун теғи таънами хоҳи душмани хоҳи дӯст
Май кашами теғи забон варна ҷафо хоҳам кашид
То ғанӣмонро кунам ҳаряк ба кунҷии мунзавӣ
Хешро беруни зи кунҷ инзиво хоҳам кашид
Бар уқоби табъ чун хоҳам задан бо як ситез
Неку бадро бар уқобин пар ҳиҷо хоҳам кашид
Ҳарки беандешааст аз қулзум андеша ам
Киштии айшаш ба гирдоб фано хоҳам кашид
Дар қафои ман забон ҳар ки мегардад ба хбс
Ман ба теғи ҳаҷви берун аз қафо хоҳам кашид
Чун ба зӯри табъи қуллоб нафас хоҳам фиканд
Перу бурноро ба ком аждаҳо хоҳам кашид
То зи теғ бим гардад Зуҳраи бегонаи чок
Интиқоми аввали зи хеш ва ошно хоҳам кашид
То бисоти ин ва он бар ҳам хӯрд зобёти ҳаҷв
Лашгари офат ба майдон бало хоҳам кашид
Дида ағёр хоҳам кунад ва дар чашми умед
Ёрро ҳам доруии хавф ва раҷо хоҳам кашид
Баҳри душмани дор ибрат хоҳам андар шаҳр зад
Дӯстро ҳам курсӣ аз зер по хоҳам кашид