Гашти шаби маҳтоб ва май равшан ва ту

Ман шуълаи ту гули гулхан ва ман гулшан ва ту

Бозо ки баҳам хушем ҳарҷо бошем

Парвонау шамъу булбулу гули ман ва ту