Гашт бо исои яке аблаҳи рафиқ

Устихонҳо дид дар ҳуфраи амиқ

Гуфт эй ҳамроҳи он номи суннӣ

Ки бидон мурдаи ту зинда ме кунӣ

Мар маро омӯз то эҳсон кунам

Устихонҳоро бидон бо ҷон кунам

Гуфт хомаш кун ки он кор ту нест

Лоиқи анфосу гуфтор ту нест

Кон нафас хоҳад зи борони пок тар

Вази фиришта дар равиши дрок тар

Умрҳо боист то дам пок шуд

То амини махзан афлок шуд

Худ гирифтӣ ин Асо дар дасти рост

Дастро дастони Мӯсо аз куҷост

Гуфт агар ман нестам асрорхўон

Ҳам ту бар хон номро бар устихон

Гуфт исо ё раби ин асрор чист

Майли ин аблаҳи дарин бигор чист

Чун ғам худ нест ин бемор ро

Чун ғам ҷон нест ин мурдор ро

Мурдаи худро раҳо кардаст ӯ

Мурдаи бегонаро ҷӯяд руфӯ

Гуфт ҳақи идбор агар адборҷўст

Хори рӯидаи ҷазоӣ кишт ӯст

Онки тухми хори корд дар ҷаҳон

Ҳону ҳон ӯро мҷу дар гулистон

Гар гулӣ гирад ба каф хорӣ шавад

Вари сӯй ёрӣ равад Марӣ шавад

Кимиёии заҳр ва мораст он шқӣ

Бар хилофи кимиёии муттақе