Он яке мегуфт дар аҳди Шуайб

Ки худо аз ман басӣ дидаст айб

Чанд дид аз ман гуноҳ ва ҷурмҳо

Вази карам яздон намегирад маро

Ҳақ таъолӣ гуфт дар гӯши Шуайб

Дар ҷавоб ӯ фасеҳ аз роҳи ғайб

Ки бигуфтӣ чанд кардам ман гуноҳ

Ваз карам нагирифт дар ҷурмами илоҳ

Акс май гӯйӣу мқлўб эй сафеҳ

эй раҳо карда раҳ ва бигрифта тӣа

Чанд чандат гирам ва ту бе хабар

Дар слосли мондае по то ба сар

Занги ту бар тӯт эй деги сиёҳ

Кард симои дарунатро табоҳ

Бар дилати зангор бар зангорҳо

Ҷамъ шуд то кӯр шуд зи асрорҳо

Гар занад он дӯд бар дег навай

Он асар бинмоед ар бошад ҷӯй

Зонк ҳар чизе ба зид пайдо шавад

Бар сипедии он сияҳ расво шавад

Чун сияҳ шуд деги пас таъсии дӯд

Баъди азин бар вай ки бинад зуди зуд

Марди оҳангар ки ӯ зангӣ буд

Дӯдро бо равиши ҳам рангӣ буд

Марди рӯмӣ кӯ кунад оҳангарӣ

Рӯйиш аблақ гардад аз дўдоўрӣ

Пас бидонади зуди таъсии гуноҳ

То бинолад зуд гуяд эй илоҳ

Чун кунад исрору бад пеша кунад

Хоки андари чашм андеша кунад

Тавба нандешад дигар ширин шавад

Бар дилаши он ҷурм то бедайн шавад

Он пушаймонӣ ва ё раб рафт азу

Шаст бар ойӣнаи занги панҷ ту

Оҳанашро зангҳо хӯрдан гирифт

Гавҳарашро занг кам кардан гирифт

Чун нависӣ коғаз аспед бар

Он набишта хонда ояд дар назар

Чун нависӣ бар сар бинвишта хат

Фаҳм ноед хонданаш гардад ғалат

Кони сиёҳӣ бар сиёҳии аўФтод

Ҳар ду хат шуд кӯру маънӣии надод

Вари сими бораи нависӣ бар сараш

Пас сияҳ кардӣ чу ҷони пари шараш

Пас чаҳ чораи ҷузи паноҳи чора гар

Ноумедии мису эксираши назар

Ноумедӣҳо ба пеш ӯ наед

То зи дард бедаво берун ҷаҳид

Чун Шуайби ин нуктаҳо бо вай бигуфт

Зон дами ҷон дар дил ӯ гули шкФт

Ҷон ӯ бишунид ваҳии осмон

Гуфт агар бигирифт моро кӯи нишон

Гуфт ё раби дафъ ман мегуяд ӯ

Он гирифтанро нишон меҷӯяд ӯ

Гуфт сатторам нагӯям розҳош

Ҷузи яке рамз аз барои ибтилоаш

Як нишони онк май гирами варо

Онк тоъат дораду савму дуо

Вази намоз ва аз закоту ғайри он

Лек як зарра надорад завқи ҷон

намекунад тоъоту афъоли суннӣ

Лек як зарра надорад чошнӣ

Тоъаташ нағзасту маънии нағзи не

Ҷўзҳо бисёр ва дар ваии мағзи не

Завқ бояд то диҳад тоъот бар

Мағз бояд то диҳад донаи шаҷар

Дона бемағз кӣ гардад ниҳол

Сӯрат беҷон набошад ҷузи хаёл