Чўнки Довӯд набӣ омад бурун

Гуфт ҳин чунаст ин аҳвол чун

Муддаӣ гуфт эй набӣ аллоҳ дод

Гови ман дар хона ӯ дар фитод

Кишти говамро бипурсаш ки чаро

Гови ман кишт ӯ баён кун моҷаро

Гуфт Довӯдаш бигӯ эй бўолкрм

Чун талаф кардӣ ту малики муҳтарам

Ҳин пароканда магӯ ҳуҷҷат биор

То ба як сӯ гардад ин даъвӣу кор

Гуфт эй Довӯд будам ҳафт сол

Рӯзу шаби андари дуо ва дар савол

Ин ҳамеи ҷустами зи яздони кои худо

Рӯзе хоҳам ҳалол ва бе ъно

Марду зан бар нолаи ман воқиф анд

Кӯдакони ин моҷароро восиф анд

Ту бипурс аз ҳар ки хоҳии ин хабар

То бигӯед бешиканҷа бе зарар

Ҳам ҳувайдо пресс ва ҳам пинҳони зи халқ

Ки чаҳ мегуфт ин гадои жандаи далқ

Баъди ин ҷумлаи дуо ва ин фиғон

Говии андар хона дидам ногаҳон

Чашми ман торик шуд на баҳри лӯт

Шодии он ки қабул омад қунут

Киштами онро то даҳум дар шукри он

Ки дуои ман шунӯди он ғайби дон