Пас сулаймон гуфт эй зебои дуӣ
Амри ҳақ бояд ки аз ҷон бишинавӣ
Ҳақ ба ман гуфта сети ҳон эй додвар
Машну аз хасмии ту бехасмӣ дигар
То наёяд ҳар ду хасми андари ҳузур
Ҳақ наёяд пеши ҳоким дар зуҳӯр
Хасм танҳо ,гар бар оради сад нафир
Ҳону ҳон бе хасми қавл ӯ мгир
Ман наёрам рӯи зи фармон тофтан
Хасми худро рӯ биовар сӯии ман
Гуфт қавли тести бурҳону дуруст
Хасм ман бодаст ва ӯ дар ҳукми тест
Бонг бар зад он шаҳ эй боди сабо
Пашша афғон кард аз зулмат , биё
Ҳин муқобили шӯи туу хасм ва бигӯ
Посухи хасм ва бикун дафъи аду
Бод чун бишунид омад тези тез
Пашша бигирифт он замони роҳи гурез
Пас сулаймон гуфт эй пашшаи куҷо ?
Бош то бар ҳар ду ронами ман қазо
Гуфт эй шаҳи марги ман аз буд ӯст
Худ сиёҳи ин рӯзи ман аз дӯд ӯст
ӯ чу омад ман куҷо ёбам қарор
Кӯ бар орад аз ниҳоди ман дамор
Ҳамчунин ҷӯёии даргоҳи худо
Чун худо омад шавад ҷӯяндаи ло
Гарчи он васлати бақо андар бақост
Лек зи аввали он бақо андар фаност
Сояҳоӣ ки буд ҷӯёии нур
Нест гардад чун кунад нураши зуҳӯр
Ақл кӣ монад чу бошад сарда ӯ
Кули шийъи ҳолки алои виҷҳа
Ҳолк ояд пеш ваҷҳаш ҳаст ва нест
Ҳастӣ андари нестии худ турфаи ист
Андарин маҳзар хирадҳо шуд зи даст
Чун қалами ӣнҷо расида шуд , шикаст