Бишинав акнӯн қиссаи он раҳи равон

Ки надоранд эътирозӣ дар ҷаҳон

зи авлиёи аҳли дуо худ дигаранд

Ки ҳаме дузанд ва гоҳе ме даранд

Қавм дигар мешиносам зи авлиё

Ки даҳонишон баста бошад аз дуо

Аз ризо ки ҳаст роми он киром

Ҷустани дафъ қазоашон шуд ҳаром

Дар қазои завқии ҳамеи бенанди хос

Куфрашон ояд талаб кардани халос

Ҳасани заннӣ бар дил эшон гушӯд

Ки напушанд аз ъмии ҷомаи кабӯд