То ду соли ин кор кард он марди кор
Баъд аз он амр омадаш аз кирдигор
Баъди азин май даҳ вале аз кас махоҳ
Мо бдодимти зи ғайби ин дастгоҳ
Ҳар ки хоҳад аз ту аз як то ҳазор
Даст дар зер ҳасирӣ кун бар ор
Ҳин зи ганҷи раҳмат бемар бидиҳ
Дар кафи ту хок гардад зар бидиҳ
Ҳар чаҳ хоҳандат бидиҳ мандяш аз он
Дод яздонро ту беш аз беш дон
Дасти зер бӯрё кун эй санад
Аз барои рӯй пӯши чашми бад
Пас зи зери бӯрё пар кун ту мушт
Даҳ ба дасти соили бишкастаи пушт
Баъди азин аз аҷр номамнӯн бидиҳ
Ҳар ки хоҳад гавҳар макнун бидиҳ
Рӯи яди аллоҳи фавқи аидиҳм ту бош
Ҳам чу дасти ҳақи газофии ризқи пош
Воми доронро зи ӯҳда во Раҳон
Ҳам чу борон сабз кун фарши ҷаҳон
Буд як сол дигар кораши ҳамин
Ки бидодӣ зари зи кӣсаи раби дайн
Зар шудӣ хоки сияҳи андари кафш
Ҳотами тои гадоӣ дар сафаш