эй хурӯсон аз вай омӯзед бонг

Бонги баҳр ҳақ кунад на баҳри донг

Субҳ козиб ояду нФрибдш

Субҳи козиби оламу неку бадаш

Аҳли дунёи ақл ноқис доштанд

То ки субҳ содиқаш пиндоштанд

Субҳи козиби корвонҳоро задаст

Ки ба буии рӯз берун омадаст

Субҳи козиби халқро раҳбар мабод

Кӯ диҳад баси корвонҳоро ба бод

эй шуда ту субҳи козибро раҳин

Субҳи содиқро ту козиби ҳам мубин

Гар надорӣ аз нифоқу бади амон

Аз чаҳ дорӣ бар бародари занни ҳамон

бадгумон бошад ҳамеша зишти кор

Нома худ хонд андари ҳақи ёр

Он хасон ки дар кжиҳо монда анд

Анбиёро соҳиру каж хонда анд

Вони амирони хасиси қалби соз

Ин гумони бурданд бар ҳуҷраи Аёз

Кӯ дафина дораду ганҷи андари он

зи оинаи худ мангар андари дигарон

Шоҳ медонист худ покӣ ӯ

Баҳр эшон кард ӯ он ҷусту ҷӯ

Кои амири он ҳуҷраро бигушоӣ дар

Ним шаб ки бошад ӯ зон бе хабар

То падед ояд сголшҳоӣ ӯ

Баъд аз он бар мости молшҳоӣ ӯ

Мари шуморо додам он зару гуҳар

Ман аз он зарҳо нахоҳам ҷузи хабар

Ин ҳаме гуфту дил ӯ май тпид

Аз барои он Аёз бе надид

Ки манам кин бар забонам ме равад

Ин ҷафогар башнавад ӯ чун шавад

Боз мегуяд ба ҳақи дайн ӯ

Ки азин афзӯн буд тамкин ӯ

Кӣ ба қзФи зишти ман тайра шавад

Вази ғарази вази сари ман ғофил буд

Мбтлӣ чун дид тоўилоти ранҷ

Барад бинад кӣ шавад ӯ моти ранҷ

Соҳиби тоўил Аёз собираст

Кӯ ба баҳр оқибатҳо нозираст

Ҳам чу Юсуфи хоби ин зиндониён

Ҳаст таъбираш ба пеш ӯ аён

Хоби худро чун надонад марди хайр

Кӯ буд воқифи зи сари хоби ғайр

Гар занами сад теғ ӯро зи имтиҳон

Кам нагардад васлати он меҳрбон

Донад ӯ ки он теғ бар худ май занам

Ман ваем андари ҳақиқат ӯ манам