Гуфт пайғомбар барои имтиҳон
ӯ намебинад туро кам шӯи ниҳон
Кард ишорати Оиша бо дастҳо
ӯ набинад ман ҳамеи байнами варо
Ғайрат ақласт бар хӯбии рӯҳ
Пари зи ташбеҳоту тамсили ин насӯҳ
Бо чунин пинҳонеи кини рӯҳи рост
Ақл бар ваии ин чунин рашкин чарост
Аз ки пинҳон мекунӣ эй рашки ху
Онк пӯшедаст нураш рӯй ӯ
намеравад бе рӯй пӯши ин офтоб
Фарт нур ӯст рӯйишро ниқоб
Аз ки пинҳон мекунӣ эй рашки вар
Ки офтоб аз вай намебинад асар
Рашк аз он афзӯн тараст андари танам
Каз худаш хоҳам ки ҳам пинҳон кунам
зи оташи рашки гарони оҳанг , ман
Бо ду чашму гӯши худ дар ҷанг , ман
Чун чунин ршкистт эй ҷону дил
Пас даҳон бар банду гуфтанро бҳл
Тарсам ар хомаш кунам он офтоб
Аз сӯй дигар бадаранд ҳиҷоб
Дар хамӯшӣ гуфт мо азҳар шавад
Ки зи манъи он майли афзӯн тар шавад
Гар буғуррад баҳри ғарраи ш каф шавад
Ҷӯши аҳббти бон аърФ шавад
Ҳарфи гуфтан бастан он равзанаст
Айни изҳор сухан пӯшиданаст
Булбулонаи наъраи зан дар рӯй гул
То кунӣ машғӯлашон аз буии гул
То ба қул машғӯл гардад гӯшашон
Сӯй рӯй гул напарад ҳушашон
Пеши ин хуршеди кӯ бас равшанӣаст
Дар ҳақиқат ҳар далелӣ раҳ занӣаст