Гуфт сӯфӣ қодираст он мстъон

Ки кунад савдои моро бе зиён

Онки оташро кунад вирду шаҷар

Ҳам тавонад кард инро бе зарар

Онки гули оради бурун аз айни хор

Ҳам тавонад кард ин дайро баҳор

Онк зу ҳар сарв озодӣ кунад

Қодираст ар ғуссаро шодӣ кунад

Онк шуд мавҷӯд аз вай ҳар адам

Гар бидорад боқиш ӯро чаҳ кам

Онки танро ҷон диҳад то ҳӣ шавад

Гар намиранд зӣонаш кӣ шавад

Худ чаҳ бошад гар бубахшад он ҷавод

Бандаро мақсӯди ҷон бе иҷтиҳод

Давр дорад аз заъифон дар камӣн

Макри нафасу фитнаи деви лъин