Ҷафо аз сар гирифтӣ ёд май дор
Накардӣ он чаҳ гуфтӣ ёд май дор
Нагуфтӣ то қиёмат бо ту ҷуфтам
Кунун бо ҷаври ҷуфтии ёд май дор
Марои бедор дар шабҳои торик
Раҳо кардӣ ва хуфтӣ ёд май дор
Ба гӯш хасм мегуфтӣ сухан ҳо
Маро дидӣ наҳуфтӣ ёд май дор
Нагуфтӣ хор бошам пеши душман
Чу гул бо ӯ шкФтии ёд май дор
Гирифтам доманат аз ман кашидӣ
Чунин кардӣ ва рафтӣ ёд май дор
Ҳаме гӯям итобии ман ба нармӣ
Ту май гӯйӣ ба зафтии ёд май дор
Фитодӣ борҳо дастат гирифтам
Дигарбора беафтӣ ёд май дор