Марои ҳалво ҳавас кардаст ҳалво

Маяфкан ваъдаи ҳалво ба фардо

Дил ва ҷонам бидон ҳалвост пайваст

Ки сӯфиро сафои орад на сафро

Зиҳии ҳалвои гарму чарбу ширин

Ки ҳар дам мерасад бӯяши зи боло

Даҳоне бастаи ҳалвои хур чу анҷӣр

зи дили хури ҳеҷ даст ва лаб меало

Аз он дастаст ин ҳалво аз он даст

Бихӯр зон даст эй бедаст ва бе по

Дамӣ бо мстФо ва коса бошем

Ки ӯ мехӯрд аз он ҷои шеру хурмо

Аз он хурмо ки Марямро Нидо кард

Куллӣу ашрбӣу қрӣ айнан

Далели онки зода ақл кулем

Нидояш мерасад кои ҷони бобо

Ҳаме хонд ки фарзандони биёед

Ки хон оростаи сету ёр танҳо