Марҳабо эй ҷони боқии подшоҳи комёр

Рӯҳи бахш ҳар қирону офтоб ҳар диёр

Ин ҷаҳон ва он ҷаҳон ҳар ду ғуломи амри ту

Гар нахоҳӣ барҳамаши зани вари ҳаме хоҳӣ бидор

Тобишӣ аз офтоби фақр бар ҳастӣ битоб

Фориғовар ҷумлагонро аз биҳишту хавфи нор

Вораҳон мари фахриони фақрро аз нанги ҷон

Дар раҳ наққош башикан ҷумлаи ин нақш ва нигор

Қаҳрамониро ки хӯни сад ҳазорон рехтаи сет

зи оташи иқболи сармади дӯд аз ҷонаш барор

Он касе дарёбад ин асрори лутфатро ки ӯ

Бевуҷӯд худ барояд маҳви фақр аз айни кор

Бекароҳат маҳв гардад ҷон агар бинад ки ӯ

Чун зар сурхаст хандони дили даруни он шарор

эй ки ту аз асли кони зар ва гавҳар бӯда Эй

Пас туро аз кимиёҳои ҷаҳон нангасту ор

Ҷисми хок аз шамси табризӣ чу куллӣ кимиёст

Тобиши он кимиёро бар миси эшон гумор