эй маҳв ишқ гашта ҷонӣу чизи дигар

эй онки он ту дории онӣу чизи дигар

Асрори осмонроу аҳволи ин ва он ро

Аз лавҳи но набиштаи хуонеу чизи дигар

Ҳар дами зи халқи пурсӣ аҳволи аршу курсӣ

Онро ва сад чунонро донеу чизи дигар

Лълист бениҳоят дар равшанӣ ба ғоят

Он лаъл бебаҳоро конӣу чизи дигар

Ҳукмӣ ки ронад фармони рӯзи аласт бар ҷон

Он ҷумлаи ҳукмҳоро ронӣу чизи дигар

Чашмӣ ки дид он рӯгар ишқ ронад ин сӯ

Он чашм нест валлоҳи зонеу чизи дигар

Он чашм аҳўл омад дар гом аввал омад

Кӯ гуфт аввалиро сонӣу чизи дигар

Ҳар кӯи бақои наёбад аз шамси ҳақи табриз

ӯ ҳаст дар ҳақоиқи фонӣу чизи дигар