Аз он мақом ки набӯд кушоди зуди гузар

Бирав ба сӯии харидори хеш ҳамчун зар

Дарахт агар мутаҳаррик шудӣ зи ҷой ба ҷо

На ранҷ арра кашидӣ на захмаҳои табар

Замон чу ҳокими тесту макон чу маъбари ту

Макон нек гузину замон накӯ бингар

Чунон шӯй ки макону замону аҳли замон

Дигар нетанд кардан ба феъл дар ту асар

Ту тираи гардӣ аз шаб чу оинаи гардун

На зрдрўии хазони гардӣ аз ҳаво чу шаҷар