Ба сӯии мо нигари чашмии барандоз
Вагар фурсат буд бӯсӣ дарандоз
Чу кардӣ ният некӯ магардон
Аз он гулшани гулӣ бар чокар андоз
Агар хоҳӣ ки рӯзафзӯн буд кор
Назар бар кори мо афзӯнтар андоз
Вагар ту фитнаи ангезӣу худком
Раҳо кун доду расмӣ дигар андоз
Нигун кун сарвро ҳамчун бунафша
Гуноҳи ғунча бар нилӯфар андоз
зи бод ва буи туаст имрӯз дар боғ
Дарахтони ҷумлаи раққосу срондоз
Чу шохи лоғарӣ афзӯн кунад рақс
Ту миваи сӯии шох лоғар андоз
Чу омад хори гулро аспри бахш
Чу хасм омад ба сӯсан ханҷар андоз
Бар ошиқи барӣ чун сим бигушо
Сӯии муфлиси яке муштӣ зар андоз
Бро эй шоҳи шамси аддӣни табриз
Яке нурии аҷаб бар ахтар андоз