Моием фидойӣони ҷонбоз

Густоху далеру ҷисми пардоз

Ҳайфаст ки ҷони поки мо ро

Бошад тани хоксори анбоз

зи оғози ҳама ба охир оянд

з охир биравем мо ба оғоз

Ҳин боз парид ҷумлаи ёрон

Шаҳ боз бикуфт табли шаҳбоз

Шаш сӯй мпр биппар аз он сӯ

Кондри дил ту расед овоз

Ҳон эй дили хастаи нақли мо ро

Рӯзии ду се монадаст май соз

Гар хорӣ вагар азизии ин ҷо

Зон сӯаст бақоу малику эъзоз

Магушоӣ пари сухан каз он сӯ

Бепар бошад ҳамеша парвоз

Пӯст суханаст инч гуфтам

Аз пӯст кӣ ёфт мағзи он роз