Нигориро ки меҷӯям ба ҷонаш

Наме байнами миёни ҳозиронаш

Куҷо рафт ӯ миён ҳозирон нест

Дар ин маҷлис наме байнами нишонаш

Назар май афканам ҳар сӯ ва ҳар ҷо

Наме байнами асар аз гулистонаш

Мусулмонон куҷо шуд номадорӣ

Ки медидам чу шамъи андар майонаш

Бигӯ номаш ки ҳар кӣ ном ӯ гуфт

Ба гӯр андар напӯсад устихонаш

Хунаки онро ки даст ӯ бабўсед

Ба вақти марг ширин шуд даҳонаш

зи рӯйиш шукр гӯям ё зи хеш

Ки кФў ӯ намебинад ҷаҳонаш

Заминигар наёбади шакл ӯ чист

Ки мегардад дар ин ишқи осмонаш

Бигӯ алқоби шамси аддӣни табриз

Мадор аз гӯши муштоқон наонаш