Боз даромад табиб аз дар ранҷури хеш
Дасти анояти ниҳод бар сари маҳҷӯри хеш
Бор дигар он ҳабиб рафт бар он ғариб
То ҷигар ӯ кашид шарбати мўФўри хеш
Шарбат ӯ чун рабӯди гашти фано аз вуҷӯд
Соқӣ ваҳдат бимонад нозиру манзури хеш
Нӯши варо неш нест вар будаш розӣам
Нест асали хораро чораи зи занбӯри хеш
Ин шаби ҳиҷрони дароз бо ту бигӯям чарост
Фитна шуд он офтоб бар рухи мастури хеш
Ғифлат ҳар дилбарӣ аз рух худ раҳматаст
Вар на бибастӣ ниқоб бар рухи машҳури хеш
Ошиқи ҳасани худӣ лек ту пинҳони зи худ
Халъат васлат бапуш бар тани ин ъўри хеш
Шукр ки хуршед ишқ рафт ба бурҷи ҳамл
Дар дилу ҷон ҳо фиканд парвариши нури хеш
Шукр ки Мӯсо бараст аз ҳамаи фиръавнён
Боз ба миқот васл омад бар таври хеш
Исои ҷони дррсид бар сар ъозр дамид
Ъозр аз афсун ӯ ҳашар шуд аз гӯри хеш
Боз сулаймон расед деву парӣ ҷамъ шуд
Бар ҳамаи шан арза кард хотаму маншури хеш
Соқӣ агар боядат то кунам инро тамом
Бода гуё буна бар лаби махмури хеш