Биёи биё ки тӯии ҷони ҷони ҷони самоъ

Биё ки сарви равонӣ ба бӯстони самоъ

Биё ки чун ту набӯдаст ва ҳам нахоҳад буд

Биё ки чун ту надидаст дидагони самоъ

Биё ки чашмаи хуршеди зери сояи тест

Ҳазор Зуҳраи ту дорӣ бар осмони самоъ

Самоъи шукр ту гуяд ба сад забони фасеҳ

Яке ду нукта бигӯям ман аз забони самоъ

Буруни з ҳар ду ҷаҳонӣ чу дар самоъи ое

Буруни з ҳар ду ҷаҳонаст ин ҷаҳони самоъ

Агар чаҳ бом баландаст боми ҳафтуми чарх

Гузаштааст аз ин боми нардбони самоъ

Ба зер пой бикӯбед ҳар чаҳ ғайр вайаст

Самоъ аз он шумо ва шумо аз он самоъ

Чу ишқи дасти дарорад ба гарданам чаҳ кунам

Канори дркшмш ҳамчунин миёни самоъ

Канори зарра чу пар шуд зи партави хуршед

Ҳама ба рақс даройанд бе фиғони самоъ

Биё ки сӯрат ишқаст шамси табризӣ

Ки боз монад зи ишқи лабаши даҳони самоъ