Имрӯзи хушам бо ту ҷони туу фардои ҳам

Аз ту шкроФшонми ин ҷои ҳам ва он ҷои ҳам

Дили бодаи ту хӯрдаи вази хона сафар карда

Мо бедилу дил бо ту бо мо ҳам ва бе мо ҳам

эй дил ки равонии ту он сӯй ки донеи ту

Хизмат бирасон аз мо он ҷоу мўсии ҳам

Мо мунтазири вақту дили нозири ту доим

Дар ҳолати оромиш дар шӯришу ғавғои ҳам

Аз бодау боди ту чун мавҷ шуда ин дил

Дар мастӣу пастии хуш дар рифъату болои ҳам

Абри хуши лутфи ту бо ҷону равони мо

Дар хок асар карда дар сахрау хорои ҳам

Бо ту пас аз ин олам бенақш банӣ одам

Хуши хилват ҷон бошад омезиши ҷонҳо ҳам

Зон ғамзаи масти ту зон ҷодӯу ҷодўхў

Хира шуда ҳар дидаи нодони ҳаму донои ҳам

Ман нанг намедорам маҷнӯнам ва май доне

Ҳам арақ ҷунун дорам аз мояу савдои ҳам

Аз оташу об ӯ эй ҷуста нишон бингар

Дар оби ду чашми мо дар зардии симои ҳам

Дар олами обу гул дар пардаи ҷону дил

Ҳам эминӣ аз ишқати венаи фитнау ғавғои ҳам

Зон турраи рӯҳонӣ зон силсилаи ҷонӣ

Зуннор ту барбаста ҳам муъмину тарсои ҳам